Посухи Русия ба ихроҷи дипломатҳояш аз Кишинёв ва Таллин

Москва дар посух ба тасмими Кишинев ва Таллин дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус 5 корманди сафорати Молдова ва ду масъули намояндагии дипломатии Эстонияро "шахсони нохоҳам" ё "persona non grata" эълон кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандони намояндагиҳои дипломатии Молдова ва Эстония вазифадор шудаанд, ки давоми се рӯз кишварро тарк кунанд. Дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Москва дар посух ба тасмими Кишинев ва Таллин дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус 5 корманди сафорати Молдова ва ду масъули намояндагии дипломатии Эстонияро "шахсони нохоҳам" ё "persona non grata" эълон кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандони намояндагиҳои дипломатии Молдова ва Эстония вазифадор шудаанд, ки давоми се рӯз кишварро тарк кунанд. Дар бораи ному насаб ва мақоми онҳо чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, миёни дипломатҳои русе, ки аз Молдова ихроҷ мешаванд, ёвари кордори низомии сафорати Русия Александр Грудин низ ҳаст. Ӯро моҳи марти соли равон ошкоро ба ҷалб ва гирифтани иттилои махфӣ аз вакили пешини порлумони Молдова Юрий Болбочан, ки 17 март дастгир шуд, айбдор карданд.

Дар вазорати умури хориҷии Русия қазияи ихроҷи дипломатҳои русро он замон "зидду нақиз" номида буданд. Президенти Молдова рӯзи сешанбе гуфт, аз мансабдорони кишвараш, ки ин тасмимро гирифтаанд, тавзеҳ талаб хоҳад кард.

Мақомоти Эстония консули генералии Русия дар шарҳи Нарва Дмитрий Казённов ва консул Андрей Сургаевро 26 май “персона нон грата” эълон карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.