Дар вилояти Твери Русия марде 9 нафарро кушт

Шаби 4 июн дар деҳаи Редкинои вилояти Твери Русия 9 нафар ба қатл расонида шуданд. Бино ба маълумоти «Медуза», дар пайи як муноқиша сари мизи зиёфат миёни қотил ва шиносҳояш муноқиша рух дода, марди 45 сола аз сари миз меравад, вале баъди чанде бо милтиқи шикорӣ баргашта, иштирокчиёни шабнишиниро мепарронад. Гуфта мешавад, ба яке аз […]

Asia-Plus

Шаби 4 июн дар деҳаи Редкинои вилояти Твери Русия 9 нафар ба қатл расонида шуданд.

Бино ба маълумоти «Медуза», дар пайи як муноқиша сари мизи зиёфат миёни қотил ва шиносҳояш муноқиша рух дода, марди 45 сола аз сари миз меравад, вале баъди чанде бо милтиқи шикорӣ баргашта, иштирокчиёни шабнишиниро мепарронад.

Гуфта мешавад, ба яке аз занон муяясар шудааст, ки пинҳон шуда, ба кормандони пулис хабар диҳад. Кормандони пулиси ҳозиршуда дар дохили хона ва рӯи ҳавлӣ ҷасади 5 нафар мардон ва 3 нафар занон ва ҷасади боз 1 зани дигарро аз дохили бағочи автомашина дарёфт мекунанд.

Дар робита ба шахсияти қотил Сергей Егоров «Комсомольская правда» менависад, ӯ сокини Маскав ва бо модари 90-солааш иқомат дошта, ба ҳайси устои барқ кор мекардааст. Тибқи маълумоти ВКД-и вилоят ва шахсони масъули маҳалли воқеа, ӯ қаблан доғи судӣ надошта, рафтораш ҳам мусбат будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабаби муноқиша он будааст, ки шиносҳояш ба хизмати ҳарбиро адо кардани Егоров бовар намекунанд ва ӯ худро таҳқиршуда ҳисобида, дар ҳолати мастӣ аз онҳо бо чунин тарз интиқом гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.