Ҳалокати 3 ноболиғ зери чархи автомашина дар як шабонарӯз

Танҳо дар як шабонарӯз – 3 июн зери архи автомашинаҳо дар Тоҷикистон 3 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро […]

Asia-Plus

Танҳо дар як шабонарӯз – 3 июн зери архи автомашинаҳо дар Тоҷикистон 3 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 6-солаи сокини деҳаи Сафобахшро пахш намудааст, ки дар натиҷа писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, рақами қайди давлатӣ ва шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар ҳудуди деҳаи Табибони ноҳияи Рӯдакӣ писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳодисаи ахир ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, таҳқиқи ҳодисаҳо идома доранд ва барои муайян ва дастгир намудани ронандаи автомашинаи «Портер» чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.