Соли гузашта 830 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон (Полша) ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ибораи дигар соли 2016 рӯзона аз ду то се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳукумати Лаҳистон гуфтаанд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд ва аз ин рӯ мехоҳанд, ба онҳо паноҳ бидиҳад.
Евростат, муассисаи омори Иттиҳодияи Аврупо омори тоза дар бораи дархости паноҳандагӣ дар қаламрави кишварҳои узвро нашр кард ва дар он омадааст, 8 дар сади онҳое, ки аз Лаҳистон хостаанд, ба онҳо дархости паноҳандагӣ бидиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
То соли 2014 дархости паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон як чизи нодир ба ҳисоб мерафт ва дар он сол танҳо 105 нафар хостаанд, дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд.
Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон, ки масоили паноҳҷӯёнро таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳо дифоъ мекунад, мегӯяд, ки аз миёни 650 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд. Баъзе аз онҳо ба Олмон рафтаанд, вале онҷо ҳам посухи мақомот ба дархосташон манфӣ будааст.


