Дар Норак зани ҳомиладор худро ба дарёи Вахш партофт

Date:

Дар шаҳри Норак як ҷавонзани 28-сола аз болои купрӯк худро ба дарёи Вахш партофт. Ӯ ҳомиладор буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ҳодиса рӯзона дар шоҳидии одамон рух дода, Арафа Худойназарова сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак аст.

«Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан идома дорад, – гуфтанд дар КҲФ. – Ин ҷо маҷрои об хеле тезу сатҳи об хеле баланд буда, аз ин рӯ, ҷустуҷӯ мушкил аст».

Дар идораи кор бо занони шаҳри Норак ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Арафа Худойназарова оиладор буд, вале ҳанӯз фарзанд надошта, сабабҳои ҳодиса то ба ҳол маълум нест.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 158 нафар мардон, 168 нафар занон ва 55 нафар ноболиғон ба ин амал даст зада буданд. Дар соли 2015 – 624 ҳолат ва соли 2014 – 550 ба ин монанд ҳолатҳо сабт гардида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...