Дар Норак зани ҳомиладор худро ба дарёи Вахш партофт

Дар шаҳри Норак як ҷавонзани 28-сола аз болои купрӯк худро ба дарёи Вахш партофт. Ӯ ҳомиладор буд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ҳодиса рӯзона дар шоҳидии одамон рух дода, Арафа Худойназарова сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак аст. «Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан идома дорад, – гуфтанд дар КҲФ. – Ин ҷо маҷрои об […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Норак як ҷавонзани 28-сола аз болои купрӯк худро ба дарёи Вахш партофт. Ӯ ҳомиладор буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ҳодиса рӯзона дар шоҳидии одамон рух дода, Арафа Худойназарова сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак аст.

«Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан идома дорад, – гуфтанд дар КҲФ. – Ин ҷо маҷрои об хеле тезу сатҳи об хеле баланд буда, аз ин рӯ, ҷустуҷӯ мушкил аст».

Дар идораи кор бо занони шаҳри Норак ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Арафа Худойназарова оиладор буд, вале ҳанӯз фарзанд надошта, сабабҳои ҳодиса то ба ҳол маълум нест.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 158 нафар мардон, 168 нафар занон ва 55 нафар ноболиғон ба ин амал даст зада буданд. Дар соли 2015 – 624 ҳолат ва соли 2014 – 550 ба ин монанд ҳолатҳо сабт гардида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.