Гармии тоқатфарсо дар рӯзҳои истироҳати оянда

Обуҳавошиносони Тоҷикистон аз гармии шадид дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати оянда маълумот медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 18 июн дар қаламрави кишвар обуҳавои гарму хушк дар назар аст. «Рӯзҳои истироҳати оянда ҳарорати ҳадди ниҳоӣ дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 40 дараҷа […]

Asia-Plus

Обуҳавошиносони Тоҷикистон аз гармии шадид дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати оянда маълумот медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 18 июн дар қаламрави кишвар обуҳавои гарму хушк дар назар аст.

«Рӯзҳои истироҳати оянда ҳарорати ҳадди ниҳоӣ дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 40 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод», – гуфт сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова.

Ба гуфтаи ӯ, беҳад гармшавии обуҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ба босуръат обшавии барфу пиряхҳо ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо оварда мерасонад, ки дар навбати худ ба селу обхезиҳо, фаромадани ярчу сангрезиҳо боис шуда метавонад.

«Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва қарор доштан наздикии обанбору дарёҳо дар ин рӯзҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд»,- изҳор дошт намояндаи КҲФ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.