Бунёди маҷмааи ёдгории се насли сарбозони шӯравӣ дар Тоҷикистон

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба хотири ёдбуди се насли сарбозону афсарони шӯравӣ дар Тоҷикистон маҷмааи ёдгорӣ бунёд мекунанд. Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад,  айни замон барои насби маҷмаа ҷой интихоб шуда, ангора (эскиз)-и он мавриди таҳия қарор дорад. Маҷмаа ба хотири ёдбуди сарбозони ҳалокшуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва […]

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба хотири ёдбуди се насли сарбозону афсарони шӯравӣ дар Тоҷикистон маҷмааи ёдгорӣ бунёд мекунанд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад,  айни замон барои насби маҷмаа ҷой интихоб шуда, ангора (эскиз)-и он мавриди таҳия қарор дорад.

Маҷмаа ба хотири ёдбуди сарбозони ҳалокшуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти низомӣ дар Афғонистон сохта мешавад.

Бино ба маълумоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, низомиёни рус аллакай лавҳаи ёдгории кормандони амният дар дараи Қаратоғро, ки дар ҷанги солҳои 1922-1926 барои роҳандозии ҳокимияти шӯравӣ ҷони худро аз даст дода буданд, таъмиру навсозӣ кардаанд.

«Корҳои таъмиру азнавсозии лавҳа ва ободонии гирду атрофи он аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи Хадамоти федералии амнияти пойгоҳи низомӣ дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои тоҷик, ҳокимияти маҳаллӣ, ҷанговарони интернатсиналист ва гурӯҳи «Ёдбуд-201» (Память-201) ба иҷро расонида шуд», – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.