АНОНС
– Ҳайати сершумори Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини нахуствазири ин кишвар Улуғбек Розиқулов ба Душанбе меояд. Дар ҳайат беш аз 40 нафар соҳибкорони кишвари ҳамсоя ҳузур хоҳанд дошт;
– Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавзӯи «Дурахши тозаи фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад;
– Дар Маркази илму фарҳанги Русия маросими муаррифӣ ва тестгузаронии сайёри Донишгоҳи федералии щимолӣ (Арктикӣ)-и ба номи М.В.Ломоносов (ш.Архангелск) доир мегардад. Макони баргузории тест: ш.Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (Маркази илму фарҳанги Русия).
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8200 сомонӣ;
1 евро – 9.8749 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1924 — Дар Маскав Ҷамъияти омӯзиши мухобироти байнисайёравӣ таъсис дода шуд.
2008 — Дар Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ гардид.
1908-1990 – Зодрӯзи шоири тоҷик Нодир Шанбезода.
1923-2012 – Мавлуди доктори улуми педагогӣ Иброҳим Обидов.
1924 -2007 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Павел Ханжин.
1926 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Миралӣ Шодиев.
1937 – Мавлуди академик Ҳабиб Сафаров.
1952 – Зодрӯзи нависанда Одина Азимӣ.
1954 – Мавлуди актёри театр Худойназар Тилавов.
1957 – Зодрӯзи Маҳмадназар Солеҳов, собиқ роҳбари ВКД Тоҷикистон. Моҳи июни соли 2009 аз олам даргузашт.
1960 – Мавлуди журналист Ҳокими Азиз.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +38+40.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +39+41.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +40+42.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.


