Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзони кишоварзӣ пеш аз ид дар Душанбе

Дар остонаи Иди Рамазон дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон доданд, ки ярмаркаҳо дар ҳамаи бозорҳо фаъолият дошта, қимати махсулот дар ин ярмаркаҳо 30 фоиз аз бозор арзонтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар робита […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар остонаи Иди Рамазон дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон доданд, ки ярмаркаҳо дар ҳамаи бозорҳо фаъолият дошта, қимати махсулот дар ин ярмаркаҳо 30 фоиз аз бозор арзонтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии Иди Рамазон дастур додааст, ки дар қаламрави шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои кишвар ташкил карда шавад.

Ярмаркаҳо шурӯъ аз имрӯз, муддати се рӯз дар бозорҳои «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90»), дар майдони назди бозори Қарияи Боло, бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Фаровон» ва дигар бозорҳо баргузор мешаванд.

«Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳо, дар хаймаҳои махсус бо навиштаҷоти дахлдор кор мекунанд, вале мутаассифона, аксари харидорон ба ин чиз таваҷҷуҳ накарда, аз худи бозор маҳсулот мехаранд ва сипас мегӯянд, ки нархи ярмарка аз бозор фарқ надорад, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ. – Масалан, имрӯз дар ярмаркаи назди бозори «Шоҳмансур» килои бодиринг 1,5 сомонӣ ва дар худи бозор – 2,5 сомонӣ нарх дошт».

Ёдрас мекунем, ки имсол дар Тоҷикистон Иди Рамазон санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан чанд рӯз пеш аз ид дар ҳамаи бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ якбора боло меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.