Президент мардумро ба оростани дастархони хоксорона даъват кард

Дар остонаи фарорасии Иди саиди Фитр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват ба амал овард, ки дар ҷашни Иди моҳи шарифи Рамазон ба исрофкории беҳад зиёд роҳ надиҳанд. Дар супориши интишоршуда дар сомонаи расмии Президенти мамлакат дар ин робита зикр мегардад, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба […]

Asia-Plus

Дар остонаи фарорасии Иди саиди Фитр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват ба амал овард, ки дар ҷашни Иди моҳи шарифи Рамазон ба исрофкории беҳад зиёд роҳ надиҳанд.

Дар супориши интишоршуда дар сомонаи расмии Президенти мамлакат дар ин робита зикр мегардад, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин сарвари давлат мардумро ба сарфаю сариштакорӣ ва сабру таҳаммул даъват намуда, тавсия медиҳад, ки ба ҷойи дастурхони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.

Бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад. Соати 06-00 дақиқаи субҳи рӯзи 26 июн дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози ид доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта – 24 ва 25 июн, тоҷикистониён имсол пайдарҳам 4 рӯз аз 24 то 27 июн  – рӯзҳои шанбе, якшанбе, душанбе ва сешанбеи ҳафта истироҳат мекунанд.

Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки  доир ба оростани дастурхону идгардаки кӯдакон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашуда, танҳо тавсия дода шудааст, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, кӯдакон бештар зери назорат қарор дошта бошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.