Дар Иди Рамазон тоҷикистониён 4 рӯз истироҳат мекунанд

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи душанбеи ҳафта, 26 июн рост меояд. Рӯзи дигар низ дар Тоҷикистон ид аст. Санаи 27 июн дар ҷумҳурӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳамин тариқ, бо назардошти ду […]

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи душанбеи ҳафта, 26 июн рост меояд. Рӯзи дигар низ дар Тоҷикистон ид аст. Санаи 27 июн дар ҷумҳурӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳамин тариқ, бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта – 24 ва 25 июн (шанбе ва якшанбе), тоҷикистониён имсол пайдарҳам 4 рӯз истироҳат мекунанд.

Хотиррасон шуд, ки санаи саҳеҳи ҷашни Иди Рамазонро Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ дар остонаи ид эълон мекунад.

Тибқи тақвими имсолаи моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби Шӯри уламо таҳия шудааст, рӯзи охири моҳи рамазон имсол 25 июн буда, рӯзи дигараш ид аст, вале баъзан бо ҳисоби олимони бахши дину мунаҷҷимон, моҳи Рамазон 29 рӯз давом мекунад ва мутаносибан ид метавонад ба санаи 25 июн (якшанбе) рост ояд.

Бо вуҷуди ин, дар ҳар сурат рӯзи душанбеи баъди он истироҳат мешавад, зеро мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», агар ид бо рӯзи истироҳат ба шанбе ва якшанбе рост ояд, рӯзи душанбеи баъди он истироҳат мешавад.

Ҳамин тариқ, бо фарорасии Иди Рамазони имсола шаҳрвандони Тоҷикистон пайдарпай 4 рӯз – аз 24 то 27 июн истироҳат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 27 июн ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана ҳам рӯзи истироҳат аст. Санаи 27-уми июни имсол 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.