Кумитаи дин: дар Иди Рамазон чизе манъ нашудааст

Дар Тоҷикистон гуфтугузорҳое вуҷуд доранд, ки ҳукуматдорон ба хонаҳо рафтани кӯдакон дар Иди Рамазонро манъ карданианд. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи гӯё аз ҷониби мақомот ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои оростани дастурхони идона низ баррасӣ мешавад, аммо дар Кумитаи дин ин овозаҳоро рад карда, дар ҳамин ҳол изҳор мекунанд, ки доир ба ҷашн гирифтани Иди Рамазон […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон гуфтугузорҳое вуҷуд доранд, ки ҳукуматдорон ба хонаҳо рафтани кӯдакон дар Иди Рамазонро манъ карданианд. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи гӯё аз ҷониби мақомот ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои оростани дастурхони идона низ баррасӣ мешавад, аммо дар Кумитаи дин ин овозаҳоро рад карда, дар ҳамин ҳол изҳор мекунанд, ки доир ба ҷашн гирифтани Иди Рамазон тавсияҳои гуногун мавҷуданд.

Зимни ҷашни идҳои мусулмонӣ дар Тоҷикистон кӯдакон ба хонаҳо рафта, идро табрик мекунанд ва соҳибхона ба онҳо қанду шириниҳои гуногун туҳфа мекунад. Дар ҳама хонаҳо дастурхони идона ороста шуда, меҳмононро даъват мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Афшин Муқим дар ин робита иттилоъ дод, дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани Иди Рамазон аз ҷониби ин ниҳод ҳеҷ дастуре содир нашудааст.

«Ҳеҷ чизе манъ нашудааст, одамон метавонанд оромона ба меҳмонӣ рафта, ҳамдигарро табрик кунанд, кӯдакон ҳам ба хонаҳо барои табриккунӣ рафта метавонанд, вале ба ҳар ҳол, мо ба волидон тавсия медиҳем, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, зеро аксар вақт чунин мешавад, ки кӯдакон аз соати панҷи субҳ аллакай дари хонаҳоро мекӯбанд, – мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, мо ба оростани дастурхони сернозу нузу серхарҷ бо хӯрданиҳои зиёде кӯшиш мекунем, ки дарвоқеъ ҳам исрофкорӣ аст, зеро нархи 1 кило писта ҳозир 100 сомонӣ буда, ба кӣ чунин харҷи барзиёд лозим аст?».

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт низ ин овозаҳоро беасос хонда, сухангӯи раиси пойтахт Абдулмаҷид Ҳакимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин бора ҳеҷ гуна дастуру супорише содир нашудааст ва «ба мо маълум нест, ки киҳо чунин овозаҳоро паҳн мекунанд».

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳам гуфт, ҳеҷ гуна маҳдудияте вуҷуд надорад ва «ин як иди пуршукӯҳ буда, ҳар касе дар ин рӯз барои дӯстону наздикони худ як кори неку хайрхоҳие карда метавонад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.