Ҳабси як зан барои ҷалби дугонааш ба истисмори шаҳвонӣ

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон як зани 30-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда бо роҳи фиреб ба боварии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудан, ӯро 15-уми июли […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон як зани 30-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда бо роҳи фиреб ба боварии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудан, ӯро 15-уми июли соли 2015 ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурдааст.

Гуфта мешавад, сипас дар ин шаҳр ӯро ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намуда, қасдан қарздор ва маблағҳоеро, ки аз ҷабрдида ба даст овардааст, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда тибқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2016 аз рӯи далели одамрабоӣ 8 парвандаи ҷиноӣ (соли 2015 – 14 парвандаи ҷиноӣ) боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.