Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон

Дар шаҳри Ереван дар доираи сафари расмӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Карен Карапетян дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаҳои […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ереван дар доираи сафари расмӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Карен Карапетян дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаҳои меъёрию ҳуқуқии беш аз 30 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷумҳурии дӯсти Арманистон шуда, таъкид доштанд, ки мо ба ояндаи неки ин робитаҳо ва татбиқи амалии санадҳои қаблан баимзорасида умеди зиёд дорем.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад заминаи боэътимод гузорад.

Дар ҷараёни мулоқот соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти технологияи муосири саноатӣ, коркарди металлҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот, ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дар соҳаи технологияи телекоммуникатсионӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо аҳли зиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.