Назарпурсӣ: СССР бе иттифоқчиёнаш ҳам дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба мекард

Аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон (63 фоиз) аз ҷониби маркази «Левада-Центр» бар ин назаранд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) бидуни кумаки иттифоқчиёнаш ҳам дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба карда метавонист. Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, 28 фоизи пурсидашудагон нақши муҳими иттифоқчиёнро эътироф намуда, боз 9 фоизи дигар дар посух ба ин савол мушкилӣ кашидаанд. Масъулияти […]

Аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон (63 фоиз) аз ҷониби маркази «Левада-Центр» бар ин назаранд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) бидуни кумаки иттифоқчиёнаш ҳам дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба карда метавонист.

Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, 28 фоизи пурсидашудагон нақши муҳими иттифоқчиёнро эътироф намуда, боз 9 фоизи дигар дар посух ба ин савол мушкилӣ кашидаанд.

Масъулияти талафоти бисёрмиллионнафараи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷангро аксари русиягиҳо (36 фоиз) ба ҳамлаи ногаҳонии Олмон ва ё худ ба бартарияти низомӣ ва техникии ин кишвар (24 фоиз) нисбат додаанд.

Бархе (12 фоиз) ин талафоти зиёдро ба фаъолияти онвақтаи раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки «ба қурбониён таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекард» ва 10 фоиз ба заифӣ ва ноуҳдабароии фармондеҳии шӯравӣ марбут медонанд.

Бино ба маълумоти РБК, дар ҷараёни назарпурсии соли 2011-и ҳамин марказ – 18 фоиз  ва дар соли 1997 – 34 фоиз талафоти бисёрмиллионнафараро ба бераҳмии раҳбарияти шӯравӣ вобаста медонистанд.

Назарпурсии маркази «Левада-Центр» дар робита ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ давоми рӯзҳои 19-22 майи соли 2017 миёни 1600 нафар аҳолии шаҳру деҳоти синни аз 18-сола боло дар 137 маҳаллаи аҳолинишини 48 минтақаи Русия гузаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.