Таъмини аҳолии пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии "Худҷореъшаванда"-и КВД "Обу корези Душанбе" заминагузорӣ кард, ки мавриди таъмиру навсозӣ қарор дошт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида […]

Дафтариматбуоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии "Худҷореъшаванда"-и КВД "Обу корези Душанбе" заминагузорӣ кард, ки мавриди таъмиру навсозӣ қарор дошт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ мекунад.

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ  анҷом дода шудааст.

Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи  гипохлориди натрий – маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид аз иншоот раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин ба сохтмони марҳилаи дуюми истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкугнии "Худҷореъшаванда" низ санги асос гузошт.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм моҳи июли соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавнад.  Иқтидори лоиҳавии марҳилаи дуюм 150 ҳазор мукааб метр оби тоза буда, баъди анҷоми қисмати дуюм истеҳсоли умумии оби тоза дар як шабонарӯз ба 300 ҳазор мукааб метр расонда мешавад, ки дар натиҷаи он аҳолии шаҳри Душанбе пурра бо оби тозаи безарар таъмин мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.