Пешниҳоди ба Сурия фиристодани низомиёни Қазоқистону Қирғизистон

Раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Владимир Шаманов ба хабаргузории РИА Новости изҳор намудааст, ки Русия бо Қазоқистону Қирғизистон ҷиҳати эҳтимоли ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристодани хизматчиёни ҳарбии ин кишварҳо гуфтушунид дорад. Хабаргузории «Медуза» менависад, қаблан намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин гуфтааст, Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни Қирғизистон ва Қазоқистон ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия […]

Раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Владимир Шаманов ба хабаргузории РИА Новости изҳор намудааст, ки Русия бо Қазоқистону Қирғизистон ҷиҳати эҳтимоли ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристодани хизматчиёни ҳарбии ин кишварҳо гуфтушунид дорад.

Хабаргузории «Медуза» менависад, қаблан намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин гуфтааст, Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни Қирғизистон ва Қазоқистон ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристода шаванд.

«Алҳол ба қарори ниҳоӣ нарасида, масъалаи иштироки намояндагони пулис ҳарбии Русия дар таъмини тартибот дар Сурия ва ҳамчунин масъалаи пешниҳоди иштироки ҳамтоҳои мо аз Қазоқистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дорад», – иброз доштааст Шаманов.

Намояндагони расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Ситоди кулли ин кишвар ин маълумотро ба «Интерфакс» тасдиқ накардаанд. Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ин кишвар изҳор намудааст, ки дар ин хусус гуфтушунид ҷараён дорад, вале «то охири маъракаи интихоботи президентӣ (моҳи октябри соли 2017), ба гумон аст, ки чунин қарор қабул шавад».

Қобили зикр аст, ки аз тирамоҳи соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти низомӣ гузаронида, ҳадафи аслии он дастгирии артиши президенти ин кишвар Башор Асад дар мубориза бо террористон унвон мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.