Ҳалокати қудои президенти Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт

Собиқ муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон Камолиддин Нуралиев, падари муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамсари духтари президент Озода аст, имрӯз бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Садамаи нақлиёт дар наздикии шаҳри Норак рух додааст. Дар бораи ҳалокати қудои президент рӯзноманигор Назири Нусрат дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод. Бо такя […]

Собиқ муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон Камолиддин Нуралиев, падари муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамсари духтари президент Озода аст, имрӯз бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Садамаи нақлиёт дар наздикии шаҳри Норак рух додааст.

Дар бораи ҳалокати қудои президент рӯзноманигор Назири Нусрат дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.

Бо такя ба маълумоти наздикони марҳум, Назири Нусрат иттилоъ дод, ки ҷасади Камолиддин Нуралиеви 70-сола пагоҳ дар ноҳияи Данғара ба хок супурда мешавад.

Камолиддин Нуралиев соли 2006 муовини аввали вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ таъин шуда, соли 2009 бо фармони прзидент ба нафақа фиристода шуд.

Дар маҷлиси муштараки солонаи Академияи байнулмилалии муҳандисӣ ва Академияи муҳандисии Русия, ки 15 майи соли 2015 дар шаҳри Маскав доир гардид, ду намояндаи Тоҷикистон – муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва собиқ муовини вазири хоҷагии об Камолиддин Нуралиев академик интихоб шуданд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону наздикони марҳум  ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.