Раҳбарияти низомии Русия ҳолати омодабоши ҷангии пойгоҳи 201-ро месанҷад

Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ҳолати омодабоши аслиҳа ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро месанҷад. Ин санҷиш ба воҳидҳои ҳомии сулҳи русиягӣ, ки қаблан барои омӯзиш ба машқгоҳҳои ношинос интиқол ёфта буданд, низ дахл хоҳад дошт. Шабакаи телеизиону радиои «Звезда» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни сафар […]

Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ҳолати омодабоши аслиҳа ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро месанҷад. Ин санҷиш ба воҳидҳои ҳомии сулҳи русиягӣ, ки қаблан барои омӯзиш ба машқгоҳҳои ношинос интиқол ёфта буданд, низ дахл хоҳад дошт.

Шабакаи телеизиону радиои «Звезда» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Заруднитский бо ҳайати раҳбарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид карда, дар ин вохӯриҳо вазъ дар самти стратегии Осиёи Марказӣ баррасӣ ва натиҷаҳои тамринҳои анҷомёфтаи «Душанбе-Зиддитеррор-2017» мавриди таҳлил қарор мегирад. Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба масъалаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати фаъолияти муштараки фаврии мақомоти идоракунӣ ва ҷузъу томҳои артиши кишварҳо табодули назар мекунанд.

Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия мустақар шудааст. Ба сохтори ин ҳавзаи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ як қатор иншооти воқеъ дар хориҷи ҳудуди Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳавопаймоии Кант дар Қирғизистон ва воҳидҳои ҳарбӣ дар қаламрави Қазоқистон дохил мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.