Париж дар Душанбе Институти модару кӯдак месозад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар мулоқот зикр гардид, ки соли 2019 дар Фаронса […]

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар мулоқот зикр гардид, ки соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишварро аз асри биринҷ то имрӯз фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе анҷом дода мешавад. Бунёди маркази савдои "Ашан" дар Душанбе аз ҳамкориҳои дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардид.

Ҳамчунин ҷониби Фаронса изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.