Боздошти зани русиягӣ дар фурудгоҳи пойтахт бо тангаи қадимӣ

Хадамоти гумруки Тоҷикистон шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-соларо барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт кард. Тавре дар сомонаи Хадамоти гумрук иттилоъ дода мешавад, боздоштшуда, мусофири хатсайри Душане – Маскав кӯшиш кардааст, ки тангаро бидуни зикр дар эъломияи бағочи худ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад. Мувофиқи хулосаи ташхиси Вазорати […]

Asia-Plus

Хадамоти гумруки Тоҷикистон шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-соларо барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт кард.

Тавре дар сомонаи Хадамоти гумрук иттилоъ дода мешавад, боздоштшуда, мусофири хатсайри Душане – Маскав кӯшиш кардааст, ки тангаро бидуни зикр дар эъломияи бағочи худ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Мувофиқи хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, тангаи мусодирашудаи замони подшоҳӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад.

Таъкид мешавад, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷ мамнӯъ аст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати зерин нисбат ба шаҳрванди мазкур бо моддаҳои 32 қисми 2 ва 289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.