Корманди Кумитаи амволи давлатӣ бахши сайёҳиро ба роҳбарӣ гирифт

Бо қарори ҳукумати ҶТ Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Роҳбари нави Кумита қаблан дар Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурӣ кор мекард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳабибулло Амрбекзода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар фаъолият дошт, муовини ӯ таъин шуд. Собиқ […]

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати ҶТ Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Роҳбари нави Кумита қаблан дар Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурӣ кор мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳабибулло Амрбекзода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар фаъолият дошт, муовини ӯ таъин шуд.

Собиқ корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ширин Амонзода муовини дигари раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин шуд.

Мувофиқи фармонҳои сарвари давлат, Қурбониён Тоҷиддин бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шуда, ваколати судяи суди шаҳри Вахдат Қурбонзода Қудратулло бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Ҳамчунин мувофиқи амри Президент, Маҳкамзода Махсудҷон аз вазифаи мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.