Чанде қабл дар саросари ҷаҳон таҳти унвони “Табассуми Дунё 2017” (Smile of Universe) озмуни байнулмилалии интернетӣ роҳандозӣ шуда, дар он танҳо ба зебогии табассум баҳогузорӣ мешавад. Ҷоизаи асосӣ барои зинаи аввал 2 ҳазор доллар муқаррар шудааст.
Продюсери генералии озмуни Smile of Universe Леонид Хромов ҳадафи аслии баргузории озмунро таблиғи сулҳу ҳаёти осоишта дар ҷаҳон унвон карда, изҳор намудааст, ки “ахиран ҷаҳонро энергияи манфӣ – ҷангу фалокат ва ғайра ҳамаҷониба фаро гирифта, бештар табассум мебояд кард, зеро табассум хуб аст”.

Маълумотнома дар бораи Садорат Маматқулова, зодаи шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) дар инҷост ва шахсоне, ки ба пирӯзӣ арзанда будани ӯро маъқул мешуморанд, метавонанд ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд.

Дар озмуни мазкур духтарону занони синни аз 18-сола боло иштирок карда метавонанд. Доир ба қаду баст, вазн ва вазъи оилавӣ ҳеҷ шарте вуҷуд надорад.
Дигар духтарон аз Тоҷикистон низ имкон доранд, ки ба марҳилаи чаҳорякфиналии озмуни байнулмилалӣ роҳ ёбанд.

Маълумотнома (анкета)-ҳо ҷиҳати иштирок дар озмун аз кишварҳои узви ИДМ то охири моҳи равон қабул карда мешаванд. Бо ин суроға пур кардану ирсоли маълумотнома ва иштирок дар озмун имкопазир аст.




