Имкони ба зеботарин табассуми сайёра соҳиб шудани тоҷикдухтар

Чанде қабл дар саросари ҷаҳон таҳти унвони “Табассуми Дунё 2017” (Smile of Universe) озмуни байнулмилалии интернетӣ роҳандозӣ шуда, дар он танҳо ба зебогии табассум баҳогузорӣ мешавад. Ҷоизаи асосӣ барои зинаи аввал 2 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Продюсери генералии озмуни Smile of Universe Леонид Хромов ҳадафи аслии баргузории озмунро таблиғи сулҳу ҳаёти осоишта дар ҷаҳон унвон […]

Asia-Plus

Чанде қабл дар саросари ҷаҳон таҳти унвони “Табассуми Дунё 2017” (Smile of Universe) озмуни байнулмилалии интернетӣ роҳандозӣ шуда, дар он танҳо ба зебогии табассум баҳогузорӣ мешавад. Ҷоизаи асосӣ барои зинаи аввал 2 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Продюсери генералии озмуни Smile of Universe Леонид Хромов ҳадафи аслии баргузории озмунро таблиғи сулҳу ҳаёти осоишта дар ҷаҳон унвон карда, изҳор намудааст, ки “ахиран ҷаҳонро энергияи манфӣ – ҷангу фалокат ва ғайра ҳамаҷониба фаро гирифта, бештар табассум мебояд кард, зеро табассум хуб аст”.

Маълумотнома дар бораи Садорат Маматқулова, зодаи шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) дар инҷост ва шахсоне, ки ба пирӯзӣ арзанда будани ӯро маъқул мешуморанд, метавонанд ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд.

Дар озмуни мазкур духтарону занони синни аз 18-сола боло иштирок карда метавонанд. Доир ба қаду баст, вазн ва вазъи оилавӣ ҳеҷ шарте вуҷуд надорад.

Дигар духтарон аз Тоҷикистон низ имкон доранд, ки ба марҳилаи чаҳорякфиналии озмуни байнулмилалӣ роҳ ёбанд.

Маълумотнома (анкета)-ҳо ҷиҳати иштирок дар озмун аз кишварҳои узви ИДМ то охири моҳи равон қабул карда мешаванд. Бо ин суроға пур кардану ирсоли маълумотнома ва иштирок дар озмун имкопазир аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.