Соли 2020 Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз соли 2020 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми таълими 12-сола гузашта, ин ҷараён тадриҷан ва дар муддати чандин сол сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар консепсияи нав се сатҳи таълими пурраи миёна – маълумоти ибтидоӣ, маълумоти миёнаи заминавӣ ва […]

Asia-Plus

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз соли 2020 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми таълими 12-сола гузашта, ин ҷараён тадриҷан ва дар муддати чандин сол сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, дар консепсияи нав се сатҳи таълими пурраи миёна – маълумоти ибтидоӣ, маълумоти миёнаи заминавӣ ва маълумоти миёнаи соҳавӣ пешбинӣ гурдида, кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба макаб мераванд.

Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2015 ба парлумон изҳор намуда буд, ки то гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола бояд тамоми мактабҳо бо омӯзгорон пурра таъмин карда шаванд.

Дар ин робита вазир қайд кард, ки 300 нафар омӯзгорони Русия барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон ҷалб карда шуда, маблағгузории он аз ҷониби Русия амалӣ мешавад ва ояндаи наздик бо дастгирии Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби нави русӣ сохта хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио