Ташрифи ҳайати олимақоми Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагии Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси ва Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан рӯзи 12 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ҳайати ИА як қатор вохӯриҳоро бо сиёсатмадорони воломақоми Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагии Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси ва Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан рӯзи 12 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ҳайати ИА як қатор вохӯриҳоро бо сиёсатмадорони воломақоми Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид мегузаронад.

Инчунин, ҷаласаи якҷоя бо иштироки вазирони блоки иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар назар аст.

Ғайр аз ин, ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон (собиқ Шӯробод) барои дидани бозори наздисарҳадӣ ва нуқтаи убури марз бо Афғонистон ва инчунин барои шинос шудан бо пешниҳоди сохтмони кӯпруки нави байнимарзӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Фархор, ки аз тарафи  Иттиҳоди Аврупо барои маблағгузорӣ пешниҳод шудааст, сафар мекунад.

Дар ин сафар, ҷаноби Мансервисиро дигар шахсони олимансаби Иттиҳоди Аврупо ва инчунин намояндагони Бонки рушди Олмон "KfW" ва кормандони Бунёди Оғохон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.