Баррасии имкони муҳоҷирати тоҷикистониён ба кишварҳои арабӣ

Тоҷикистон масъалаи имкони ба бозорҳои кории баъзе кишварҳои арабӣ фиристодани муҳоҷирон аз кишварро баррасӣ дорад. Зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад имкони бозорҳои кори Кувейт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар ин самт бо ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон масъалаи имкони ба бозорҳои кории баъзе кишварҳои арабӣ фиристодани муҳоҷирон аз кишварро баррасӣ дорад.

Зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад имкони бозорҳои кори Кувейт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар ин самт бо ин кишварҳо лоиҳаҳои созишномаҳои дахлдор омода шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, талаботи бозори кори Кореяи Ҷанубӣ низ омӯхта шуда, лоиҳаи санади дахлдор дар бораи ҳамкорӣ бо ин кишвар таҳия гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кард, ки ба кишварҳои тараққикардаи Осиё ва Аврупо фиристодани муҳоҷирон аз он ҷиҳат мушкилӣ дорад, ки ба ин кишварҳо асосан кормандони соҳибихтисос зарур буда, ҳамчунин надонистани забон низ мушкилӣ пеш меорад.

Тағойзода зикр кард, ки тавассути як ширкати ватанӣ барои дар Олмон бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон имкон вуҷуд дорад.

Дар идома вазир гуфт, дар муқоиса бо соли пешин нимсолаи аввали соли равон муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон 21 фоиз кам шудааст.

“Аз оғози сол беш аз 242,7 ҳазор нафар тоҷикистониён ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 66 ҳазор нафар камтар аст, – иброз дошт ӯ. – Ҳудуди 89 фоизи муҳоҷиронро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд”.

Таъкид шуд, ки имсол 97,6 фоиз (237 ҳазор) аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 2,3 фоизашон (беш аз 5,7 ҳазор) ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори умумии ба ватан баргаштагон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил додааст.

“Бо мусоидати намояндагии Вазорат оид ба муҳоҷират дар Русия дар ин давра ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 21 млн. 826 ҳазор рубл музди меҳнати нагирифтаашон аз ҷониби корфармоҳо пардохт карда шуд”, – афзуд Тағойзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.