КҲФ: беш аз 100 ҳазор нафар дар минтақаҳои ниҳоят хатарнок зиндагӣ мекунанд

Дар Тоҷикистон 284 минтақаи ниҳоят хатарнок барои иқомати одамон ба қайд гирифта шудааст, ки хавфи рух додани ҳолатҳои фавқулода дар онҳо хеле зиёд аст. Дар ин минтақаҳо беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар зиндагӣ мекунанд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ […]

Дар Тоҷикистон 284 минтақаи ниҳоят хатарнок барои иқомати одамон ба қайд гирифта шудааст, ки хавфи рух додани ҳолатҳои фавқулода дар онҳо хеле зиёд аст. Дар ин минтақаҳо беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар зиндагӣ мекунанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки Кумита сокинони ноҳияи Варзобро, ки манзилҳояшонро дар мавзеи хатарноки наздики дарё сохта шудааст, аз хавфи рух додани чунин ҳолатҳо огоҳ кардааст.

“Имрӯз Кумита имкон надорад, ки аз лиҳозӣ техникӣ аз чархболи худ истифода намояд, мо ҳатто сарнишин(пилот) барои он надорем”, – гуфт Назарзода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки бо супориши президент дар сурати зарурат Кумита метавонад аз чархболҳои Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои сарҳади ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ истифода барад.

Зимнан қайд шуд, ки айни замон лоиҳаи сохтори нави идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҳия ва ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки дар он тақвияти имконоти техникӣ ва таъсиси шуъба ё воҳидҳои Кумита дар тамоми ноҳияҳои кишвар пешбинӣ мешавад.

Ба гуфтаи генерал, нимсолаи аввали соли 2017 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 27 нафар шаҳрвандон ҳалок шуда, зиёни расида аз ин офатҳо беш аз 14,5 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. Тӯли 6 моҳи соли равон дар обанбору дарёҳои кишвар 63 нафар ғарқ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.