Таъсиси раёсати махсуси назорати кӯли Сарез дар КҲФ Тоҷикистон

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки дар сохтори Кумита Раёсати махсус “Усой” таъсис дода шудааст, ки доимо вазъи кӯли Сарезро назорат мекунад. “Дар худи кӯли Сарез, дар Бартанг, ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе низомҳои моҳворагии пайгирӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки дар сохтори Кумита Раёсати махсус “Усой” таъсис дода шудааст, ки доимо вазъи кӯли Сарезро назорат мекунад.

“Дар худи кӯли Сарез, дар Бартанг, ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе низомҳои моҳворагии пайгирӣ аз кӯл гузошта шудааст, ки дар сурати ба вуҷуд омадани хавфу хатар аҳолиро огоҳ мекунанд, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ҳамсокишварҳои Тоҷикистон низ аз чунин низомҳои назорати моҳвораӣ истифода карда, ба наздикӣ чунин низом дар ноҳияи Шаҳритӯс низ насб хоҳад шуд.

Таъкид шуд, ки ҳар се моҳ Кумита дар Бартанг ва Рӯшон машқҳо мегузаронад, ки дар онҳо масъалаҳои кӯчонидани аҳолӣ дар сурати ба вуҷуд омадан хавф – кандашавии сарбанди кӯл омӯхта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз танҳо дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳукумат 16 анбори нигаҳдории маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал сохтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.