Ниёзи хизматчиёни бонкии бекормонда ба кумакпулӣ. Давлат имкон надорад

Муддати якуним соли охир беш аз 8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки асосан хизматчиёни бонкӣ ва кормандони созмонҳои байнулмилалӣ мебошанд. Акнун онҳо бекор монда, ба гирифтани кумакпулӣ ҳуқуқ доранд, аммо давлат ба пардохти он имкон надорад. “Онҳо маоши баланд мегирифтанд. Мо чунин имкон надорем, ки ба онҳо мақоми бекорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муддати якуним соли охир беш аз 8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки асосан хизматчиёни бонкӣ ва кормандони созмонҳои байнулмилалӣ мебошанд. Акнун онҳо бекор монда, ба гирифтани кумакпулӣ ҳуқуқ доранд, аммо давлат ба пардохти он имкон надорад.

“Онҳо маоши баланд мегирифтанд. Мо чунин имкон надорем, ки ба онҳо мақоми бекорӣ дода, ҳамаашонро бо кумакпулӣ таъмин созем”, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода.

Ба қавли ӯ, кумакпулӣ маъмулан ба бекорони расман сабтшуда дар муддати се моҳи баъди аз кор озод шуданашон пешниҳод мегардад. Кумакпулӣ дар моҳи аввал – ба андозаи 50%, моҳи дуюм – 40% ва моҳи сеюм – 30% аз ҳаҷми музди меҳнати охирин пардохт карда мешавад.

“Айни замон Тоҷикистон ба таъмини собиқ кормандони бонк ва созмонҳои байнулмилалӣ бо кумакпулӣ қудрат надорад, зеро онҳо маоши баланд мегирифтанд”, – қаййд кард вазир.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон шумори гирандагони кумакпулӣ барои бекорон дар Тоҷикистон каме бештар аз 5 ҳазор нафар ва шумори умумии бекорони расман сабтшуда зиёда 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Муроҷиатҳо оид ба масъалаи гирифтани кумакпулӣ барои бекорон хеле зиёд буда, дар навбати аввал мо кӯшиш мекунем, ки ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргаштаро таъмин созем, зеро чунин мешуморем, ки дар ин давраи зиндагӣ онҳо ба кумак бештар ниёз доранд, – изҳор дошт номбурда. – То охири сол шумори гирандагони кумакпулӣ барои бекоронро то ба 6 ҳазору 250 нафар расониданием”.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли гузашта бар асари буҳрон ҳазорон кормандони бонкҳои кишвар бекор монданд. Тайи якуним соли охир ду бонки ҷумҳурӣ муфлис ва боз ду бонки дигар ба ихтисори шумори назарраси ҳайати шахсӣ маҷбур гардида, танҳо дар як “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 1 ҳазор нафар кормандон ихтисор шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.