Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон -2017» дар Душанбе

Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Эрон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии  универсиалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/ ба намоиш мегузоранд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ин чорабинӣ рӯзҳои 27-29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир […]

АМИТ “Ховар”

Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Эрон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии  универсиалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/ ба намоиш мегузоранд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ин чорабинӣ рӯзҳои 27-29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардида, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошад.

Гуфта мешавад, рушди ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак,  воридоти техникаю таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, инчунин табодули таҷриба аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» аст.

Интизор меравад, ки корхонаю ширкатҳои тавлидотии беш аз даҳ кишвари ҷаҳон молҳои саноатии худро дар намоишгоҳ, ки  аз бахшҳои саноати энергетика, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ,  нақлиёт, логистика,  маҳсулоти нафтӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ,  бастабандӣ, хӯрока,  дорусозӣ, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ иборат аст, ба намоиш гузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.