Мурофиаи собиқ кормандони Агентии зиддифасод пушти дарҳои пӯшида мегузарад

Мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад. Мурофиаи додгоҳӣ нисбати 10 нафар собиқ кормнадони Агентии зиддифасод муддати ду ҳафта идома ёфта, дар ин давра баррасии дигар парвандаҳо дар Суди олӣ маҳдуд карда мешавад. Мурофиа тибқи ҷадвали […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбати 10 нафар собиқ кормнадони Агентии зиддифасод муддати ду ҳафта идома ёфта, дар ин давра баррасии дигар парвандаҳо дар Суди олӣ маҳдуд карда мешавад. Мурофиа тибқи ҷадвали муайян (рӯзҳои душанбе ва ҷумъа – аз соати 8 то 17:00 ва дар рӯзҳои дигар – аз 13:00 то 17:00) доир гардида, дар ин давра воридшавӣ ба бинои суд манъ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як корманди Суди олӣ хабар дод.

Рӯзи душанбе назди бинои Суди олӣ бисёр хешовандону наздикони судшавандагон ҷамъ омада, онҳоро низ ба мурофиа роҳ надоданд. Онҳо аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ варзида, танҳо зикр карданд, ки ба толори суд ба ҷуз судшавандагон ва адвокатҳои онҳо, дигар касеро роҳ надодаанд.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 17 июл зимни нишасти хабарӣ рӯзноманигоронро огоҳ карда буд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати собиқ кормандони Агентии зиддифасод пушти дарҳои пӯшида сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, ин мурофиа нисбати 13 нафар – 10 нафар собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва ҳамчунин 3 нафар кормандони дигар сохторҳо, ки аз рӯи ин парванда айбдор карда мешаванд, ҷараён мегирад.

«Миёни айбдоршавандагон Фирӯз Холмуродзода, Давлатбек Хайрзода ва дигар собиқ кормандони Агентии зиддифасод ҳузур доранд, ки ба қаллобӣ ва порагирӣ гумонбар дониста мешаванд», – изҳор дошта буд раиси Суди олӣ.

Ба саволи журналистон дар бораи бозбинӣ шудани парвандаи Зайд Саидов дар робита ба аз ҷониби собиқ роҳбари раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод Фирӯз Холмуродзода баррасӣ шудани он, Шоҳиён чунин посух дод: «Парвандаи Саидов бозбинӣ намешавад, зеро ин парванда натанҳо дар Агентии зиддифасод, балки дар прокуратура ва суд низ баррасӣ шудааст».

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ – Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.