Нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи шимоли кишвар 8 ҳодисаи куштор ба гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар буда, мақсаду сабабҳои ҳамаи ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шудааст.
Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тӯли 6 моҳ соли равон дар ин ниҳод 1021 парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, 580-тои он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 128 парвандаи ҷиноии марбут ба амалҳои коррупсионӣ, аз ҷумла 40 парванда мутобиқи моддаи 245 (Азхудкунӣ ё камомад) ва 10 парванда мувофиқи моддаи 319 (Порагирӣ) оғоз ва тафтиш шудааст.
«Нимсолаи аввал дар вилоят 3357 ҳодисаҳои содир шудани ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳолат ё худ 0,84% бештар буда, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 91,5%-ро ташкил медиҳад», – иброз дошт прокурор.
Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати 5 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар робита ба амали коррупсионӣ (1 нафар) ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (боқимонда) парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


