Ҳабси сардори шуъбаи милитсия дар Кӯлоб ҳангоми порагирӣ

Сардори шуъбаи милитсияи ҷамоати Зиракии ШВКД шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қаландаровро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия замони порагирӣ ба маблағи 3 ҳазору 400 сомонӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, сардори шуъбаи милитсия барои оғоз накардани парвнадаи ҷиноятӣ аз шаҳрванд “Т” ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ маблағ талаб карда, […]

Asia-Plus

Сардори шуъбаи милитсияи ҷамоати Зиракии ШВКД шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қаландаровро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия замони порагирӣ ба маблағи 3 ҳазору 400 сомонӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, сардори шуъбаи милитсия барои оғоз накардани парвнадаи ҷиноятӣ аз шаҳрванд “Т” ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ маблағ талаб карда, 600 сомониашро дарҳол гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда дар ҳаҷми 3 ҳазору 400 сомонӣ ӯ бо далели шайъӣ дастгир шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.