Истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон 70% афзуд

Ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 фоиз афзуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маълумот дар бораи рақамҳои мушаххаси ҳаҷми истихроҷи металлҳои гаронбаҳо махфӣ мебошад. “Ин соҳа аз ҷониби ҳукумату президент дастгирӣ ёфта, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 фоиз афзуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маълумот дар бораи рақамҳои мушаххаси ҳаҷми истихроҷи металлҳои гаронбаҳо махфӣ мебошад.

“Ин соҳа аз ҷониби ҳукумату президент дастгирӣ ёфта, ҳарчанд музди меҳнат доимӣ бошад ҳам, мо бояд аз шарикони худ тақозо намоем, ки барои коргарон шароити мусоиди корӣ фароҳам созанд, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, аз конҳои истихроҷи тилло мебояд нуқра, мис ва дигар металлҳоро ҳам ба даст овард”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори Раёсати саноати кӯҳкорӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорат Бахтиёр Шарипов, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли металли №1 (тилло) ба миқдори 15-22 фоиз ва металли №2 (нуқра) – то 64 фоиз зиёд шудааст.

“Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонии идомадошта, истеҳсоли металлҳои гаронбаҳо дар корхонаҳо хуб роҳандозӣ шуда, илова бар ин, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба металлҳои қиматбаҳо хеле зиёд аст”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии қурби пули миллӣ металлҳои қиматбаҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон бо нархҳои ҷаҳонӣ ва асъори хориҷӣ харидорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, “корхонаҳои машғул ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо саривақт андозҳоро ба давлат пардохт намуда, 80 фоизи коргарони он бояд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.