Тӯли ним сол дар Суғд 8 ҳодисаи куштор сабт шуд

Нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи шимоли кишвар 8 ҳодисаи куштор ба гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар буда, мақсаду сабабҳои ҳамаи ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шудааст. Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тӯли 6 моҳ соли равон […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи шимоли кишвар 8 ҳодисаи куштор ба гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар буда, мақсаду сабабҳои ҳамаи ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шудааст.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тӯли 6 моҳ соли равон дар ин ниҳод 1021 парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, 580-тои он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 128 парвандаи ҷиноии марбут ба амалҳои коррупсионӣ, аз ҷумла 40 парванда мутобиқи моддаи 245 (Азхудкунӣ ё камомад) ва 10 парванда мувофиқи моддаи 319 (Порагирӣ) оғоз ва тафтиш шудааст.

«Нимсолаи аввал дар вилоят 3357 ҳодисаҳои содир шудани ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳолат ё худ 0,84% бештар буда, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 91,5%-ро ташкил медиҳад», – иброз дошт прокурор.

Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати 5 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар робита ба амали коррупсионӣ (1 нафар) ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (боқимонда) парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.