Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳабс гирифта шуд

Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти Тоҷикистон «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, имрӯз дар ҳабс қарор дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти судии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Мирмахсумиён ба гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. Аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти Тоҷикистон «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, имрӯз дар ҳабс қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти судии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Мирмахсумиён ба гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. Аз додани маълумот доир ба ҷузъиёти дигари ин масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» оид ба боздошти Исмоили Мирмахсумиён дар Агентии зиддифасоди Тоҷикистон изҳор намуданд, ки ба ин савол журналистон дар вохӯрӣ бо раҳбарияти Агентӣ, ки имрӯз, 28 июл доир мегардад, посух дарёфт карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.