ИМА: тасмими коҳиши шумори дипломатҳо дар Русия асоснок нест

Департаменти давлатии ИМА аз тасмими Москва ба кам кардани шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия изҳори таассуф кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии ИМАдар ин робита зикр шудааст, ки ин иқдом асоснок нест. ИМА ният дорад, бурду бохти тасмими мазкурро "арзишёбӣ кунад ва иқдомҳои ҷавобӣ биандешад". Ахиран президенти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Департаменти давлатии ИМА аз тасмими Москва ба кам кардани шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия изҳори таассуф кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии ИМАдар ин робита зикр шудааст, ки ин иқдом асоснок нест.

ИМА ният дорад, бурду бохти тасмими мазкурро "арзишёбӣ кунад ва иқдомҳои ҷавобӣ биандешад".

Ахиран президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки 755 корманди бахши дипломатии Амрико дар Русия ихтисор мешаванд. Ҳайати дипломатии ИМА 455 кормандро – ҳамон миқдоре, ки дар бахши дипломатии Русия дар ИМА фаъолият мекунанд, ташкил хоҳад дод.

Мақомоти Русия ин хабарро 28 июл расонӣ карданд. Тасмими мазкур дар посух ба таҳримҳои нави ИМА зидди Русия гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.