Пешгирии қочоқи беш аз 500 телефони «Samsung Galaxy» аз Қирғизистон

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи 553 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy» ба шимоли ҷумҳурӣ, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 935 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пешгирӣ карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, шумори зиёди телефонҳои мобилӣ зимни муоинаи гумрукӣ дар бордони автомашинаи тамғаи «Опел Зафира» дар роҳи мошингарди […]

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи 553 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy» ба шимоли ҷумҳурӣ, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 935 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пешгирӣ карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, шумори зиёди телефонҳои мобилӣ зимни муоинаи гумрукӣ дар бордони автомашинаи тамғаи «Опел Зафира» дар роҳи мошингарди Конибодом – Хуҷанд дарёфт шудааст.

«Моли мазкур ба шаҳрванди 30-сола Р. Ф. сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон, ворид намудааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, шаҳрванд Р. Ф. моли зеринро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Қанибек ном шахс харидорӣ намуда ғайриқонунӣ онҳоро ба Тоҷикистон интиқол додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р. Ф. бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.