Дар Чемпионати ҷаҳон Дилшод Назаров зинаи 7-умро ишғол кард

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар даври ниҳоии гурзандозии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Лондон бо натиҷаи 77.22 метр зинаи 7-умро ишғол намуд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар даври ниҳоии гурзандозӣ 12 варзишгар ҳузур доштанд ва ҷойи аввал бо натиҷаи 79.81 метр насби Павел Фаҷдек аз Лаҳистон шуд. Бар иловаи […]

Хабаргузории «Озодагон»

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар даври ниҳоии гурзандозии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Лондон бо натиҷаи 77.22 метр зинаи 7-умро ишғол намуд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар даври ниҳоии гурзандозӣ 12 варзишгар ҳузур доштанд ва ҷойи аввал бо натиҷаи 79.81 метр насби Павел Фаҷдек аз Лаҳистон шуд. Бар иловаи нишони тилло ӯ соҳиби 60 000 доллар гардид. Валерий Пронкин (варзишгари бетараф) гурзро ба масофаи 78.16 метр ҳаво дода, медали нуқра ва 30 000 доллар гирифт. Войтсех Новитски аз Лаҳистон (78.03) медали биринҷӣ ва 20 000 доллар доданд.

Ҳамин тариқ Бигот Қуентин аз Фаронса (77.67 м) 15 000 доллар, Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 77.50 м) 10 000, Ник Миллер аз Британияи Кабир (77.31 м) 6000 доллар, Дилшод Назаров (77.22 м) 5000 доллар ва Сергей Марчиев аз Молдова (75.87 м) 4000 доллар гирифтанд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон Кристина Пронженко ҳам иштирок дошт. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа ширкат намуда, миёни 39 варзишгар бо натиҷаи 1:03.44 дар мақоми охир нишаст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.