Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон алҳол маълум нест

Санаи ҷашни Иди Қурбон дар Тоҷикистон алҳол маълум набуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин хусус рӯзи 24 август хабар хоҳад дод. Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, «мо алҳол санаи дақиқи Иди Қурбонро гуфта наметавонем, зеро мувофиқи аҳкоми шариат аввал мебояд тулӯи моҳи навро муайян карду онро дид ва сипас дар бораи рӯзи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Санаи ҷашни Иди Қурбон дар Тоҷикистон алҳол маълум набуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин хусус рӯзи 24 август хабар хоҳад дод.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, «мо алҳол санаи дақиқи Иди Қурбонро гуфта наметавонем, зеро мувофиқи аҳкоми шариат аввал мебояд тулӯи моҳи навро муайян карду онро дид ва сипас дар бораи рӯзи саҳеҳ сухан гуфт».

Дар робита ба масъалаи дар дигар кишварҳо аллакай муайян шудани санаи ҷашни Иди Қурбон ӯ қайд кард, ки онҳо аз дигар методика истифода бурда, айнан (бо чашмони худ) баромадани моҳи навро намебинанд ва инро пешакӣ ба онҳо астрофизикҳо хабар медиҳанд. Абдуқодирзода зикр кард, ки ин метод тибқи шариат «ҳаром» аст.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, ҳадяи идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, имсол раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба забҳи чорво дар ҷойҳои махсуси қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Замони раҳбарии раиси пешини пойтахт фурӯши чорво дар қаламрави шаҳр қатъиян манъ гардида буд. Ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар қаламрави шаҳр дастур дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио