Вазири мудофиа ба раисони 7 ноҳияи Суғд унвони афсари эҳтиётӣ дод

Пас аз тамринҳои бузургмиқёси низомӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар раисони ноҳияҳои вилояти Суғд ба унвони афсари эҳтиётӣ соҳиб шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, унвонҳои аз лейтенант то подполковники эҳтиётӣ ба раисиони ноҳияҳо аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо дода шуда, раиси вилоят Абдураҳмон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пас аз тамринҳои бузургмиқёси низомӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар раисони ноҳияҳои вилояти Суғд ба унвони афсари эҳтиётӣ соҳиб шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, унвонҳои аз лейтенант то подполковники эҳтиётӣ ба раисиони ноҳияҳо аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо дода шуда, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи қадрдонӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тамринҳои низомӣ аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд – Чоруқдарон ва Нурафшон доир гардида, дар онҳо ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят иштирок кардаанд.

Дар маҷмӯъ ба ин тамринҳо беш аз 30 ҳазор нафар афсарону сарбозон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯш, 70 адад артилеррия ва 450 адад автомашинаҳои низомӣ сафарбар шудааст.

Ба ҷузъу томҳое, ки ба ин тамринҳо сафарбар шуданд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ кардааст.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи ба қаламрави вилоят воридшуда, масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди таҷрибаву омӯзиш ва амал қарор дода шуданд.

Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои тамрин Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави кишвар, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва хизматчиёни ҳарбии эҳтиётии артиши миллӣ бояд ҳамеша ба сар задани ҳама гуна ҳолат омода бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.