БМТ ному насаби 1178 террористро нашр кард. Амали воситаҳои онҳо «боздошта шуд»

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки ба содир намудани амалҳои террористӣ ё робита доштан бо террористон гумонбар дониста мешаванд, навсозӣ карда, шумори онҳо то 1178 нафар расид. Ним сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ 200 нафар зикр шуда буданд. Бонки миллӣ ба истилоҳ «номгӯи террористон ва ифротгароҳо»-ро нашр кард. Баъди нашри рӯйхатҳо мақомоти дахлдор […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки ба содир намудани амалҳои террористӣ ё робита доштан бо террористон гумонбар дониста мешаванд, навсозӣ карда, шумори онҳо то 1178 нафар расид. Ним сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ 200 нафар зикр шуда буданд.

Бонки миллӣ ба истилоҳ «номгӯи террористон ва ифротгароҳо»-ро нашр кард. Баъди нашри рӯйхатҳо мақомоти дахлдор бояд оид ба боздошта шудани амали воситаҳои молиявӣ ё муомилоти амволи ин шахсон чораҷӯӣ намоянд.

Ба рӯйхат созмонҳои террористӣ ва ифротгарое, ки фаъолияташонро Суди олӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ кардааст, аз ҷумла «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусалмон)», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Лашкар-ут-Тайиба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Гурӯҳи 24» ва ғайра шомиланд.

Ба рӯйхати афроде, ки амали дороиҳояшон бояд боздошта шавад, шахсони зерин шомиланд: раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои он, собиқ фармондеҳи фирории ОМОН – Гулмурод Ҳалимов, пешвои «Ансоруллоҳ» – Амриддин Табаров, ки тибқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, гӯё охири соли 2015 кушта шудааст, дохил шудаанд.

Дар БМТ зикр мекунанд, ки маълумот дар бораи шахсони террористу ифротгаро эълоншуда ва боздошта шудани хизматрасонии муомилоти восита ва амволи онҳо дар доираи амалисозии қарору қонунҳои ҳукумат ва тавсияи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) таҳия шуда, онро Кумитаи давлатии амнияти милии кишвар омода мекунад.

Бо мақсади муқовимат ба маблағгузории терроризм, ин маълумот мунтазам навсозӣ шуда, шахсоне, ки маргашон расман тасдиқ мешавад, аз рӯйхат хориҷ карда мешаванд.

Зикр мегардад, ки ташкилотҳои ҳисоботдеҳ уҳдадоранд, ки фавран боздошти хизматрасонӣ ба воситаҳо ва дигар захираҳои молии шахсони дар ин рӯйхат зикршударо таъмин намоянд. Истисно танҳо ҳолатҳое буда метавонанд, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амияти миллӣ ба таври инфиродӣ ба он иҷоза дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.