Коршинос: ИМА бори нахуст Покистонро ба қатъи дастгирии Толибон даъват кард

– Дар стратегияи нави ИМА оид ба Афғонистон, ки аз ҷониби Доналд Трамп чанде қабл ба имзо расид, Вашингтони расмӣ бори нахуст Покистонро огоҳ кард, ки аз дастгирии ҳаракати Толибон даст кашад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси тоҷики масоили Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад. Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳукумати расмии Афғонистон тайи 15 […]

– Дар стратегияи нави ИМА оид ба Афғонистон, ки аз ҷониби Доналд Трамп чанде қабл ба имзо расид, Вашингтони расмӣ бори нахуст Покистонро огоҳ кард, ки аз дастгирии ҳаракати Толибон даст кашад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси тоҷики масоили Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳукумати расмии Афғонистон тайи 15 соли ахир борҳо Исломободро ба дастгирии Толибон, таъмини онҳо бо аслиҳаву маблағ, техникаи ҳарбӣ ва тамрину омодакунии ҷангиён айбдор карда, қайд мекарданд, ки толибони захмишуда дар ҷангҳо маҳз дар дармонгоҳҳои ҳамин кишвар муолиҷа мешаванд.

Ҳамчунин Бекмуҳаммад зикр кард, ки «дар стратегия ташаббуси Ҳиндустон дар мавриди эҳёи иқтисоди Афғонистон дастгирӣ ёфт ва ин ҷо метавон ёдрас кард, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба ба роҳандозии чунин иқдом изҳори назар карда буд».

Дар ҳамин ҳол, коршинос изҳор мекунад, ки дар стратегия нави ИМА оид ба Афғонистон носаҳеҳиҳо хеле зиёданд, ба гунаи мисол аз кадом воситаҳо истифода шудан барои амалисозии он.

«Ба ҳама маълум аст, ки 4 ҳазор низомии амрикоӣ, ки иловатан ба Афғонистон сафарбар мешаванд, ба таъмини сулҳу субот дар ин кишвар қодир нестанд, вале ба муддати тӯлонӣ бозигари асосӣ боқӣ мондани ИМА натанҳо дар Афғонистон, балки дар минтақаро таъмин мекунанд, – таъкид дошт коршинос. – Ҳамчунин артиши ИМА ба бозигарони ҳалкунанда шудани Русия, Эрон ва Чин дар Афғонистон роҳ нахоҳад дод, ки ин ҳадафи асосии стратегия аст». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.