Ба Тоҷикистон аз Русия 30 нафар омӯзгорон меоянд

Охири моҳи август 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Дар бораи сафарбарии омӯзгорон дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба имзо расидааст. Нашрияи «Российская газета» дар ин робита менависад, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди […]

Охири моҳи август 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Дар бораи сафарбарии омӯзгорон дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба имзо расидааст.

Нашрияи «Российская газета» дар ин робита менависад, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

Гуфта мешавад, 14 ҳазор рубли маош ва макони зисти омӯзгорони русиягиро Тоҷикистон таъмин намуда, 60 ҳазор боқимондаи музди меҳнат ва суғуртаи тиббиашон аз ҷониби Вазорати маорифи Русия пардохт карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар остонаи оғози соли нави хониш Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 20 тонна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ медиҳад, ки тақрибан 70 ҳазор нусха китоб мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия изҳор дошта буд, ки Русия дар Тоҷикистон 20 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтанист, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.

«Ин сармоягузории Русия буда, фаъолияти мактабҳоро Тоҷикистон таъмин мекунад, – шарҳ дода буд ӯ. – Бунёди зербинои моддии мактабҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ аз буҷети Русия сурат мегирад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.