Соли 2020 ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистону Чин ба 3 млрд. доллар мерасад

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид,  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва беш аз сад нафар соҳибкорони Тоҷикистон, инчунин  роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар […]

АМИТ «Ховар»

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид,  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва беш аз сад нафар соҳибкорони Тоҷикистон, инчунин  роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва туризм фаъолият доранд, иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтоҳи ҳамоиш Шариф Саид гуфт, ки то соли 2020 Тоҷикистону Чин ният доранд, ки ҳаҷми муомилоти молро то 3 млрд. доллар расонанд ва дар ин самт ҳам дар сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.

Зикр шуд, ки  мақсади ҳамоиш-   инкишоф додани  алоқаи корӣ байни соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратӣ барои ҳамкории  тарафайн миёни Чин  ва Тоҷикистон дар бозорҳои ҳарду мамлакат, ҷалби  сармоя, технологияи муосир ва таҷҳизоти Чин ба Тоҷикистон мебошад. Ин тадбир барои пешбурди тиҷорат, бастани шартномаҳои  манфиатноки ҳамкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ  мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, гидроэнергетика, дорусозӣ, сайёҳӣ ва  минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни ҳамоиш байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва раёсати пешбурди савдои музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба   ҷалби сармояҳои Чин ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.