Дабири кулли СААД ба Тоҷикистон ташриф меорад

Date:

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Юрий Хачатуров рӯзи 7 сентябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, сафари Дабири кулли СААД бо мақсади баррасии масоили омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки тирамоҳи имсол дар шаҳри Минск баргузор мешаванд, сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар Юрий Хачатуров бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин гуфтушунидҳои Дабири кулли СААД бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар назар аст.

Юрий Хачатуров намояндаи Арманистон буда, моҳи апрели соли равон Дабири кулли СААД таъин шуд. То сари ин мансаб омадани ӯ ин вазифаро муддати 10 сол Николай Бордюжа ба уҳда дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...