Дар Сингапур ҳам аз Бонки Эсхата ҳарф мезананд

«Бонки Рушди Осиё» ғолибони мукофоти сеюми солонаро оиди маблағгузории тиҷорат (TFP) дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Сингапур доир гардид, қадрдонӣ намуд. Дар рӯйхати ғолибон «Бонки Эсхата» низ номнавис шудааст. «Бонки Эсхата» мукофотро дар номинатсияи «Бонк – шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории тиҷоратӣ» сарфароз гаштааст. Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар меҳмонону шарикон […]

Иттилоияи расмӣ

«Бонки Рушди Осиё» ғолибони мукофоти сеюми солонаро оиди маблағгузории тиҷорат (TFP) дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Сингапур доир гардид, қадрдонӣ намуд. Дар рӯйхати ғолибон «Бонки Эсхата» низ номнавис шудааст.

«Бонки Эсхата» мукофотро дар номинатсияи «Бонк – шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории тиҷоратӣ» сарфароз гаштааст.

Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар меҳмонону шарикон аз муассисаҳои молиявии тамоми дунё ширкат варзида, 18 бонкҳои пешсаф аз 17 давлатҳои гуногун бо мукофоти TFP кадрдонӣ карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки «Бонки Эсхата» соли дуюм аст, ки дар номинатсия «Бонк – шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ» (TFP) ғолиб мебарояд, ки барои бонк ин дастоварди мақоми байналмиллалидошта хеле муҳим аст.

Арзи сипоси худро ба «Бонки Рушди Осиё» барои баҳогузории беғаразонаи фаъолияти «Бонки Эсхата» мерасонем. Оянда низ кӯшиш мекунем, ки мақоми пешсафиро дар ин самт нигоҳ дорем.

«Бе бонкҳо-шарикони мо, «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратии» «Бонки Рушди Осиё» зиёда аз 3 млрд. доллари ИМА-ро давоми як сол татбиқ карда наметавонист, хусусан дар шароити норасоии бозори маблағгузории тиҷоратӣ» – мегуяд Стивен Бек, роҳбари шӯъбаи маблағгузории тиҷоратӣ дар Бонки Рушди Осиё. – Мукофотҳои мазкур – имконияти хуб барои баён кардани арзи сипосмандӣ ба шарикони мо мебошад, зеро фаъолияти онҳо дар самти пешниҳод кардани хизматрасониҳои молиявӣ ба ширкатҳои бо тиҷорат машғулбуда баҳри рушд ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад».

Чорабинии қадрдонии шарикони TFP дар рӯзи аввали Конфронси солонаи «Global Trade Review дар Сингапур – GTR Asia Trade and Treasury Week 2017» баргузор гардид, ки яке аз Конфронсҳои калони ташрифшавандаи мабалғгузории тиҷортӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.

Айни ҳол «Бонки Рушди Осиё» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ»  бо зиёда аз 200 бонкҳо-шарикон ҳамкорӣ карда истодааст, ки тариқи он ширкатҳои тиҷоратӣ барои амалӣ кардани содирот ва воридоти мол дастгирии молиявӣ мебинанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.