Кумаки DFID ҷиҳати табдили Душанбе ба «шаҳри ҳушманд»

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID): сармутахассиси бахши хусусӣ – ҷаноби Девид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ – ҷаноби Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодии DFID – хонум Зойе Грин мулоқоти корӣ анҷом дод. […]

Хадамоти матбуоти БМТ

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID): сармутахассиси бахши хусусӣ – ҷаноби Девид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ – ҷаноби Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодии DFID – хонум Зойе Грин мулоқоти корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанберо ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) дар доираи нақшаи лоиҳаи номбурда баррасӣ намуданд.

Коршиноси бахши хусусии DFID ҷаноби Девид Эллиот изҳор дошт, ки Барномаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев дар навбати худ ба муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд» таваҷҷӯҳ зоҳир карда, самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро таъкид намуд.

Дар рафти мулоқот инчунин имкониятҳои боз ҳам фарохтар намудани барномаи мазкур ва пайваст намудани дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи номбурда муҳокима гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ қайд гардид, ки дар оянда ҷонибҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд истифода хоҳанд бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.